Лона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лонаи сабадмонанд

Лона асосан барои ҳайвонот ва паррандахову хазандаҳо сохта мешавад. Лонаро бо ду итарз месозан суни ва табиатан.

ЛОНА́, кошона, ошёна, ошён, хоначаест, ки парандагон ва ҳайвонот барои парваришу ғизодиҳии насл, ҷойи хоб ва баъзан чун паноҳгоҳ месозанд. Лонаҳо ва ҷойгиршавии онҳо мухталифанд. Мас., тортанакҳо аз тор пилла танида лона месозанд; Лонаи занбӯрҳо чашмаки аз хок бо луоби даҳон часпонидашуда иборат буда, Лонаи мурғшаклҳо ва лойхӯрак чуқурчаи одист, ки аз баргу шохчаҳои рустанӣ сохта мешавад; Лонаи ёҳу аз тӯдаи боқимондаи рустаниҳо, ки мобайнаш новашакл аст, иборат мебошад. Бисёр парандаҳо Лонаи мустаҳками ҷомшакл месозанд. Лонаи баъзе парандаҳо рости байзашакл ё колбашакл буда, аз паҳлӯ ё интиҳои дарозрӯя сӯрох дорад. Масолеҳ ва ҷои лонасозии парандаҳо низ гуногунанд. Мас., фароштурук лӯндачаҳои лойро бо луоби даҳон часпонда Л. месозанд. Аз ширхӯрҳо бештар хояндаҳо Л. месозанд. Аксари ҳайвонот Л.-ро танҳо месозанд. Лонаи занбӯрҳо, мӯрчаҳо, термитҳо ва ғайра умумӣ буда, асосан васеъ ва мураккаб (бисёрқабата ва бисёрхонагӣ) мешавад. Маъмулан лона ба муддати як мавсими инкишоф хидмат мекунад, вале термитҳо занбӯрҳо, мӯрчаҳо, инчунин парандаҳои калон лонаи худро чанд сол истифода мебаранд. Лонаи як қатор ҳайвонот (санҷоб, ондатра, мири мушон, гунҷишкҳо ва ғайра) чун паногоҳ хидмат мекунад.